Прокуратураи Хатлон дар бораи ҳалокати тоҷикистонӣ дар даргириҳои Украина



Мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон дар бораи ҳалокати сокини шаҳри Қӯрғонтеппа дар амалиёти ҷангии Украина хабар дод.

Сарёвари прокурори вилояти Хатлон Анвар Назарзода дар ин робита иттилоъ дод, ки тахминан моҳҳои сентябр-октябри соли 2014 ҷасади сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Муродалӣ Барфиев ба маркази маъмурии вилоят оварда шуд, ки зимни амалиёти ҷангӣ дар Украина ҳалок шудааст.

«Қаблан дар бораи ин шаҳрванд мо маълумот дар даст доштем, ки ӯ дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Украина иштирок дорад ва нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд. Дар робита ба фавти ӯ акнун парвандаи ҷиноӣ қатъ карда шуд», – иброз дошт вай.

Бино ба маълумоти сарёвари прокурори вилоят, айни замон 31 нафар сокини вилояти Хатлон дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ иштирок доранд.

Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки соли 2014 аз рӯйи далелҳои ифротгароӣ ва терроризм нисбати 59 нафар 43 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Тибқи маълумоти мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон, моҳи январи соли 2015 мутобиқи моддаи 401, дараҷаи 1 (ҷалби шаҳрвандон ба амалиёти ҷангӣ дар хориҷӣ кишвар)-и Кодекси ҷиноии ҶТ 4 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное