Пешниҳоди барқарор кардани хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбеву Тошканд

Дар доираи тавофуқоти ҳосилшуда зимни вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе, баҳри баланд бардоштан ва беҳбуди муносибатҳои дуҷониба Тоҷикистон ба Ӯзбекистон як қатор пешниҳодҳо кард. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ҷониби Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя барқарор кардани хатсйари ҳавоӣ миёни Душанбеву […]

Аваз Юлдошев



Дар доираи тавофуқоти ҳосилшуда зимни вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе, баҳри баланд бардоштан ва беҳбуди муносибатҳои дуҷониба Тоҷикистон ба Ӯзбекистон як қатор пешниҳодҳо кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ҷониби Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя барқарор кардани хатсйари ҳавоӣ миёни Душанбеву Тошканд ва ҳамчунин равуои автобусхои мусофиркаш байни як қатор шаҳру навоҳии ҳарду кишварро пешниҳод намудааст.

«Ғайр аз ин, Тоҷикистон ба ҳамтоёни ӯзбеки худ ҳамчунин баррасии масъалаи соддакунии дастрасии раводид барои шаҳрвандони ҳарду кишвар, яъне гирифтани раводид бевосита дар сарҳади давлатҳоро низ ироа доштааст», – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, маълумоти интишоршудаи чанде аз васоити ахбори умуми Ӯзбекистон оид ба аз ҷониби ҳарду тараф мавриди баррасӣ қарор гирифтани комилан бекор кардани реҷаи раводид миёни кишварҳо тасдиқ нагардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.