ҲКТ раиси шаҳри Истаравшанро номзад ба вакилӣ пешбарӣ кард

Дар конфронси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Истравшан раиси ин шаҳр Иброҳим Абуллозода номзад ба вакилӣ дар парлумон пешбарӣ шуд. Раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Иброҳим Абдуллозода имрӯз ягона узви ҳизб аст, ки ба ҳайси раиси шаҳр фаъолият дорад. Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои […]

Аваз Юлдошев



Дар конфронси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Истравшан раиси ин шаҳр Иброҳим Абуллозода номзад ба вакилӣ дар парлумон пешбарӣ шуд.

Раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Иброҳим Абдуллозода имрӯз ягона узви ҳизб аст, ки ба ҳайси раиси шаҳр фаъолият дорад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои сухангӯи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Усмон Солеҳ конфронси ҳизб Гулнора Бобоева, роҳбари Раёсати илм ва маорифи дастгоҳи президенти кишварро аз ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон пешбарӣ кардааст.

«Имрӯз конфронси муштараки бахшҳои ҲХДТ дар ноҳияи Ғончӣ ва шаҳри Истаравшан ҳамчунин раиси ноҳияи Ғончӣ Зуфар Исмоилзодаро номзад ба вакилӣ пешбарӣ намуд», – иброз дошт ӯ.

Аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки пагоҳ аз шаҳри Конибодом низ намояндаи ҳизб номзад ба вакилӣ пешбарӣ мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.