Давоми сол бақияи сандуқи қарзии «Амонатбонк» ду баробар афзуд

Давоми соли 2014 Бонки давлатии «Амонатбонк» ба маблағи умумии 861,7 млн. сомонӣ ба беш аз 34,6 ҳазор нафар мизоҷон қарз додааст. Бино ба иттилои раиси БДА «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳудуди 35% аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашударо қарзҳои хурд ташкил медиҳанд. «Воситаҳои қарзӣ миёни бахшҳои гуногуни иқтисод тариқи зайл тақсим шуданд: кишоварзӣ – 31,6%, саноат – […]

ASIA-Plus



Давоми соли 2014 Бонки давлатии «Амонатбонк» ба маблағи умумии 861,7 млн. сомонӣ ба беш аз 34,6 ҳазор нафар мизоҷон қарз додааст.

Бино ба иттилои раиси БДА «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳудуди 35% аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашударо қарзҳои хурд ташкил медиҳанд.

«Воситаҳои қарзӣ миёни бахшҳои гуногуни иқтисод тариқи зайл тақсим шуданд: кишоварзӣ – 31,6%, саноат – 21,5%, савдо – 13,9%, сохтмон – 13,6%, эҳтиёҷоти истеъмолӣ – 10,8% ва дигар соҳаҳо – 8,6%», – иброз дошт раиси бонк.

Зимнан зикр гардид, ки ба санаи 31-уми декабри соли 2014 бақияи сандуқи қарзии бонк (бо назардошти қарзҳои байнибонкӣ) 912,3 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёдтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.