Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Нишастҳои хабарии ҷамъбасти фаъолият дар соли 2014:

– Соати 10-00 дар Вазорати кишоварзии ҶТ;

– Соати 11-00 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон;

– Соати 14-00 – дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ (дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ).



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

5.3321

сомонӣ;


1

евро –

6.2572

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.0807

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




1941

— Дар Бадахшони Кӯҳӣ, наздикии маркази вилоят – шаҳри Хоруғ нерӯгоҳи обӣ-барқии Помир ба истифода дода шуд.


1943

— Анҷоми сохтмони Пентагон – бинои маъмурии бузургтарин дар ҷаҳон (604 ҳазор метри мураббаъ).


1962

— Дар тамрингоҳи Семипалатинск (Қазоқистони Шарқӣ)-и ИҶШС бори нахуст таркиши зеризаминии ядроӣ гузаронида шуд.


2001

— Президент Эмомалӣ Раҳмонов Қарор «Дар бораи давра ба давра кӯчонидани оилаҳои ҷавон аз ВМКБ ба ноҳияҳои Қубодиёну Бешкенти вилояти Хатлон»-ро ба имзо расонид.


2002

— Дар шаҳри Душанбе бинои сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.


2007

— Дар шаҳри Пекин миёни Тоҷикистону Ҷин 6 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.


1962 —

Зодрӯзи Давлатов Нусратулло Муқимович, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, шабона ва субҳгоҳон баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +6+11.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришоти начандон зиёд (борон, барф), туман дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +5+10, дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона -2+3.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -2-7, рӯзона -1+4;  дар шарқи вилоят шабона -17-22, рӯзона -4-9.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона ва субҳгоҳон боришоти начандон зиёд (борон, барф) ва баъзан фаромадани туман дар назар аст.       

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона -1+4.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +11+13.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +12+14.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан боришоти начандон зиёд, рӯзона бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +6+8.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.    

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +1+3.

spot_imgspot_img

Популярное