Ошкор шудани 1471 ҷинояти коррупсионӣ дар соли 2014

Соли гузашта дар соҳаи маориф ва тандурустии Тоҷикистон 101 ҷинояти марбут ба коррупсия ошкор карда шуд. Роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Фаттоҳ Ғоиб зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки соли сипаришуда бори нахуст низоми мутамаркази қабули имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ тариқи Маркази миллии тестӣ роҳандозӣ шуда, […]

Меҳрангез Турсунзода



Соли гузашта дар соҳаи маориф ва тандурустии Тоҷикистон 101 ҷинояти марбут ба коррупсия ошкор карда шуд.

Роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Фаттоҳ Ғоиб зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки соли сипаришуда бори нахуст низоми мутамаркази қабули имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ тариқи Маркази миллии тестӣ роҳандозӣ шуда, ба ин васила ҳолатҳои тавассути роҳу воситахои коррупсионӣ дохил шудан ба макотиби олӣ кам шуданд.

«Ҳолатҳое ошкор карда шуданд, ки миёнаравон ва омӯзгорон тахминӣ пора мегирифтанд, яъне агар қабул шавад, ин гӯё бо мусоидати онҳо шумурда мешавад, вале ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҷараёни супурдани имтиҳонот дахолат карда наметавонистанд», – гуфт ӯ.

Ба иттилои Фаттоҳ Ғоиб, соли 2014 кормандони Агентии зиддифасод дар маҷмӯъ 1471 (соли 2013 – 1325) ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсиониро ошкор намудаанд. «Дар ин давра дар сохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 70, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ – 57, ВКД – 46, Вазорати нақлиёт – 16 ва Вазорати кишоварзӣ – 16 адад ҷиноятҳои коррупсионӣ ба қайд гирифта шуданд», – гуфт номбурда.

Ба қавли роҳбари Агентӣ, дар Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезия – 36, Кумитаи андоз – 18 ва сохторҳои бонкии кишвар – 127 ҷиноятҳои марбут ба ҳолатҳои коррупсионӣ ошкор карда шудаанд. «Аз ин шумор 224 ҷиноят аз ҷониби кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ содир карда шуд», – афзуд Ф.Ғоиб.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.