Муроҷиати 1,6 ҳазор мардон ба Кумитаи кор бо занон дар соли гузашта

– Соли гузашта 1600 нафар мардон бо шикоят аз мушкилоти оилавӣ, аз ҷумла масъалаҳои зӯроварӣ аз ҷониби занон ба марказҳои иттилоотиву машваратии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат намуданд, – иттилоъ дод ба журналистон роҳбари Кумита Махфират Хидирова зимни нишасти хабарӣ. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта ба марказҳои аз ҷониби Кумита […]

Мавзуна Абдуллоева



– Соли гузашта 1600 нафар мардон бо шикоят аз мушкилоти оилавӣ, аз ҷумла масъалаҳои зӯроварӣ аз ҷониби занон ба марказҳои иттилоотиву машваратии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат намуданд, – иттилоъ дод ба журналистон роҳбари Кумита Махфират Хидирова зимни нишасти хабарӣ.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта ба марказҳои аз ҷониби Кумита таъсисдодашуда дар маҷмӯъ 8,5 ҳазор шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва боз 122 нафар тариқи хаттӣ бо арзу шикоят муроҷиат кардаанд, ки 56 нафари тариқи хаттӣ муроҷиаткарда мардон будаанд. «Мардон асосан бо арзу шикояти ҷой доштани ҳолатҳои зӯроварӣ нисбати онҳо аз ҷониби занон, таъмини занону духтаронашон бо ҷойи корӣ, машварат ҷиҳати ҳалли мушкилот дар оила муроҷиат мекунанд», – иброз дошт Хидирова.

Зимнан зикр гардид, ки қонуни қаблан дар Тоҷикистон қабулшуда «Дар бораи зӯроварӣ нисбати занон» бинобар сабаби афзоиши муроҷиати мардон дар робита ба ин масъала, ба қонун «Дар бораи зӯроварӣ дар оила» табдили ном кард.

Махфират Хидирова ҳамчунин соли 2015-ро Соли оила эълон кардан дар кишвар аз ҷониби сарвари давлат муҳим арзёбӣ намуд. «Ин ба таваҷҷуҳи ҷиддии раҳбарият ва ҳукумати кишвар ба масъалаҳои таҳкими оила ҳамчун ниҳоди муҳими иҷтимоӣ гувоҳӣ медиҳад. Мо ҳама огаҳем, ки оила як ниҳоди иҷтимоиест, ки дар он марҳилаҳои нахустини ба шахсият табдил ёфтан дар ҷомеа сурат мегирад. Дар кадом муҳит ташаккул ёфтани ин шахсият ва саҳми мо дар он хеле муҳим аст», – мутмаин аст Хидирова.

Ҳамчунин қайд шуд, ки соли гузашта 9 ҳазору 132 ҳодисаҳои азҳампошии оилаҳо (талоқ) дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ки 938 ҳолат зиёдтар нисбат ба соли 2013 мебошад. «Сабабҳои аслии ҷудошавии оилаҳо сатҳи нокофии маърифату огаҳии ҷавонон аз масоили оиладорӣ ва дахолати падару модарон ба ҳаёти оилавии фарзандон аст», – афзуд роҳбари Кумита.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.