ҲНИТ аз болои раиси Маркази исломӣ ба КМИР шикоят мебарад

Дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тасмим гирифта шуд, ки аз болои раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ба Комиссяи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ шикоят бурда мешавад. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Шӯрои сиёсӣ аз суханҳои беасос ва бедалели бархе аз намояндагони рӯҳониёни кишвар алайҳи ҲНИТ нигаронӣ изҳор намуд. «Аз ҷумла, […]

ASIA-Plus



Дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тасмим гирифта шуд, ки аз болои раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ба Комиссяи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ шикоят бурда мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Шӯрои сиёсӣ аз суханҳои беасос ва бедалели бархе аз намояндагони рӯҳониёни кишвар алайҳи ҲНИТ нигаронӣ изҳор намуд. «Аз ҷумла, суханҳои беасос ва бедалели раиси Маркази исломии Тоҷикистон муҳтарам Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар чанд маврид алайҳи ҲНИТ мухолиф ба қонунгузории кишвар, ахлоқу одоби исломӣ ва шаъну шарафи як пешвои мазҳабӣ аст», – зирк шудааст дар ҷаласа.

Гуфта мешавад, дар Шурои сиёсии ҲНИТ пешниҳод шудааст, ки аз болои ниҳодҳо ва афроди туҳматкунанда ва қонуншикан нахуст ба КМИР аризаи шикоятӣ пешниҳод гардида, дар сурат такроран содир шудани чунин амал ва ислоҳ нашудан, метавон ба додгоҳ муроҷиат намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҳамчунин гузориши Ситоди марказии ҲНИТ оид ба ҷамъбасти марҳалаи пешниҳоди номзадҳо шунида шуда, фаъолияти Ситоди марказӣ ва ситодҳои минтақавӣ қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.