Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода аз пешбарӣ шудани номзадиаш ба курсии вакилӣ дар парлумон қаонатмандӣ изҳор намуд.
Ёдрас мекунем, ки Раҳимзода аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳриявӣ номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони оянда пешбарӣ шудааст.
«Аввалаш ман узви гурӯҳи иқтисодии президенти кишвар ҳастам ва барои гурӯҳ натиҷа муҳим аст, на манфиатҳои шахси алоҳида. Муҳим нест, ки ту дар ин даста дар пеш, байн ё дар қафо қарор дорӣ», – гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири рушди иқтисод.
Вазир қайд кард, ки агар зарур бошад, ба фаъолият дар парлумон баҳри некӯаҳволии мардум омода аст. «Замоне зарурат пеш омад, ки ба ҳайси дипломат ба хориҷи кишвар равам ва он ҷо ҳам кор кардам. Акнун ман барои парлумон зарурам ва ба хизмат дар он омода ҳастам», – таъкид дошт ӯ ва илова намуд, ки «одам вазифаро обод мекунад, на баръакс».
Қобили зикр аст, ки Шариф Раҳимзода яке аз беҳтаринҳо дар гурӯҳи иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон шуморида мешавад.
То сари мансаб омадан ба вазифаи вазири рушди иқтисод ва савдо, Шариф Раҳимзода ба ҳайси сармушовири президент оид ба сиёсати иҷтимоиву иқтисодӣ, раиси мақомоти назорати молиявии назди президенти ҶТ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ, сафири Тоҷикистон дар Белгияву Фаронса, роҳбари намояндагии ҶТ дар сохторҳои Аврупо ва намояндаи домиии ҶТ дар ЮНЕСКО ва НАТО фаъолият намудааст.



