Баррасии гузариши шабакаи телевизионҳои мустақил ба пахши рақамӣ

Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон оид ба пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба Барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир гардид. Тавре Раиси Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии кишвар Зинатулло Исмоилов хабар дод, дар ҷаласа тағйироту иловаҳои пешниҳоднамудаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ибтидои ҷаласа муовини раиси […]

ASIA-Plus



Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон оид ба пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба Барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир гардид.

Тавре Раиси Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии кишвар Зинатулло Исмоилов хабар дод, дар ҷаласа тағйироту иловаҳои пешниҳоднамудаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ибтидои ҷаласа муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, ҳамзамон роҳбари гурӯҳи якҷояи корӣ Абдусамад Ҳикматзода изҳор намуд, ки пешниҳодоти ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ҷиддӣ омӯхта шуданд ва барои такмили барномаи давлатӣ истифода мешаванд. Аз ҷумла, дохил намудани телевизионҳои ғайридавлатӣ ба пакети шабакаҳои ҳатмии дастраси мардум, ташкили комиссияи босалоҳият барои такмилу мураттаб сохтани бастаи иҷтимоӣ, мусоидат ба рушди бозор ва инфрасохтори рақамӣ, ҷалби операторони алтернативӣ ҷиҳати ба роҳ мондани шабакаҳои интиқоли рақамӣ ва пурзӯр намудани маъракаи иттилоотонии аҳолӣ бобати гузариш ба пахши рақамӣ аз мавзӯъҳои асосии баррасиҳои ҷаласаи корӣ буданд.

Дар муҳокимаи ин масоил аъзои гурӯҳи корӣ Шаҳло Акобирова, Умрилло Меликов, Файзулло Солеҳов, Дилафрӯз Амирзода, Умархон Камолов ва дигарон иштирок намуданд.

Қарор шуд, ки варианти пурраи тағйиру иловаҳо ба Барномаи давлатии гузариш ба пахши телевизиони рақамӣ муддати як ҳафта омода гашта, барои мувофиқа ва баррасӣ ба сохторҳои ҳукуматӣ пешниҳод мегардад.

Ҳадафи асосии таъсис ва фаъолияти гурӯҳи якҷояи корӣ, ки аз 13 нафар намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат мебошад, мушаххас сохтани сарнавишти телевизионҳои мустақили ҷумҳурист. Тибқи омори коршиносон, айни замон дар Тоҷикистон 20 шабакаи мустақили телевизионӣ фаъол буда, барномаҳои онҳо 44 фоизи аҳолии кишварро фаро мегиранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.