Кумаки бебозгашти Чин ба ВКД Тоҷикистон

Ахири ҳафтаи гузашта  вохӯрии вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сафири Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Фан Сянжун баргузор гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо Шартномаи байни Вазорати корҳои дохилии ҶТ ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин оид ба расонидани кӯмаки бебозгаштро ба имзо расониданд, ки ин кӯмак аз […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи гузашта  вохӯрии вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сафири Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Фан Сянжун баргузор гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо Шартномаи байни Вазорати корҳои дохилии ҶТ ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин оид ба расонидани кӯмаки бебозгаштро ба имзо расониданд, ки ин кӯмак аз сарулибоси махсуси низомӣ (тобистонаю зимистона) иборат буда, барои кормандони милитсия пешбинӣ гардидааст ва маблағи он 940 ҳазор юан (беш аз 150 ҳазор $)- ташкил медиҳад.    

Гуфта мешавад, дар рафти мулоқот тарафҳо оид ба масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории дуҷониба дар мавриди мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизм табодули афкор намуданд.

Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ қайд намуд, ки чунин вохӯриҳо ба манфиати кор буда, баҳри ривоҷ ёфтани муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои муштарак имконияти бештаре фароҳам хоҳанд овард.

Ҳамчунин ҷиҳати пайваста гузаронидани курсҳои омӯзишӣ ва расонидани кӯмакҳои техникӣ ба ҷаноби Фан Сянжун изҳори сипос намуда, қайд кард, ки ин кӯмаку ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат менамоянд. 

Ҷаноби Фан Сянжун низ аз рушд ёфтани ҳамкориҳои дуҷониба байни ду давлати ба ҳам дӯсту ҳамсоя изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки миёни ин ду мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳо ҳамкориҳои қавӣ ба роҳ монда шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.