Мусоидати БАТР ба беҳбуди фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт

Имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндаони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, бо қарори Шӯро, Созишнома миёни ҳукумати […]

Аваз Юлдошев



Имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндаони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, бо қарори Шӯро, Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Покистон оид ба таъсиси гуруҳи кории муштараки мубориза бар зидди терроризми байнулмилалӣ ва Конвенсия оид ба имтиёз ва масъуниятҳои муассисаҳои махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид ба тасдиқи палатаи поёнии парлумон пешниҳод карда мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки бо қарори Шӯро якчанд созишномаҳо миёни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) тибқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе» низ ба тасдиқи ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми палатаи поёнии парлумон пешниҳод мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.