КМИР сабти номзадҳо тибқи рӯйхатҳои ҳизбиро ба итмом мерасонад

Имрӯз дар ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон масъалаи сабти расмии номзадҳои пешбаришудаи Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ баррасӣ мешавад. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯйхати ҳизбии ҲСДТ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз 14 нафар номзадҳо иборат буда, […]

Аваз Юлдошев



Имрӯз дар ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон масъалаи сабти расмии номзадҳои пешбаришудаи Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ баррасӣ мешавад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯйхати ҳизбии ҲСДТ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз 14 нафар номзадҳо иборат буда, дар садри рӯйхат муовини раиси ҳизб Амният Абдуназаров ва таҳти рақами 3 раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров қарор доранд.

Ба иттилои манбаъ, нимаи дуюми моҳи январ КМИР рӯйхатҳои ҳизбии ҲХДТ аз 27 нафар номзадҳо таҳти сарварии ёвари президент оид ба масоили кадрҳо Абдуҷаббор Азизӣ, рӯйхати Ҳизби аграрӣ аз 13 нафар номзадҳо бо роҳбарии раиси ҳизб Рустам Латифзода, ҲДТ таҳти роҳбарии раиси ҳизб Саидҷаъфар Исмонов иборат аз 4 нафар номзадҳо, ҲСТ таҳти роҳбарии раиси ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров иборат аз 6 нафар номзадҳо, ҲИИТ таҳти роҳбарии раиси ҳизб Олимҷон Бобоев иборат аз 6 нафар, рӯйхати ҲНИТ таҳти роҳбарии раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ аз 27 нафар номзадҳо ва рӯйхати ҲКТ таҳти роҳбарии раиси ҳизб Шодӣ Шабдолов аз 7 нафар номзадҳоро расман ба қайд гирифт.

«Ҳамин тариқ, нимаи дуюми имрӯз рӯйхати ниҳоии номзадҳо тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳаввзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ муайян карда мешавад, ки 102 довталаб ба 22 курсии парлумонро ташкил хоҳад дод», – афзуд Додозода.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.