Тағйири ҷадвали парвозҳо дар фурудгоҳи пойтахт бар асари туман

Субҳи имрӯз фазои фурудгоҳи Душанберо тумани ғафс пӯшонда, бар асари он дар ҷадвали парвозҳо тағйирот ворид гардид. Тавре котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳммадюсуф Шодиев хабар дод, ҳавопаймоҳо дар хатсайрҳои Самара-Душанбе рейси №254 ва Истамбул-Душанбе рейси №2927 алъон аз фурудгоҳҳои худ парвоз накарда, интизори хуб шудани ҳавои фурудгоҳи Душанбеанд. Мутахассисон иброз доштанд, ки дар хати […]

ASIA-Plus



Субҳи имрӯз фазои фурудгоҳи Душанберо тумани ғафс пӯшонда, бар асари он дар ҷадвали парвозҳо тағйирот ворид гардид.

Тавре котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳммадюсуф Шодиев хабар дод, ҳавопаймоҳо дар хатсайрҳои Самара-Душанбе рейси №254 ва Истамбул-Душанбе рейси №2927 алъон аз фурудгоҳҳои худ парвоз накарда, интизори хуб шудани ҳавои фурудгоҳи Душанбеанд.

Мутахассисон иброз доштанд, ки дар хати нишасту парвози фурудгоҳи Душанбе сатҳи биноӣ наздик ба 200 метр аст, ин дараҷаи биниш имкони фурудоӣ ва парвозро маҳдуд месозад.

Ҳавопаймои рейси №201 хатсайри Душанбе-Москва барои парвоз омода аст, аммо иҷозаи парвоз дода нашуда, дар назар аст, бо андаке пароканда шудани туман парвоз амалӣ мегардад. Мусофирони рейси мазкур мушкиле надоранд, аллакай расмияти фурудгоҳиро гузашта, дар ҳавопаймо интизори парвозанд.

Фурудгоҳи Душанбе дар ҳолати муқаррарӣ фаъолият дошта, бо пароканда шудани туман қабул ва гусели ҳавопаймоҳо оғоз мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.