Бино ба маълумоти муассисаҳои тиббӣ, соли гузашта шумори аҳолии 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 37 ҳазор нафар афзуда, ба санаи 1 январи соли 2015 ба 1 млн. 153 ҳазору 641 нафар расид.
Роҳбари Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии минтақаи Кӯлоб Саидасвар Аламов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин маълумот бар асоси муроҷиати аҳолӣ барои кумаки тиббӣ, муоинаҳои табибон дар хонаводаҳо ва сабти таваллуду маргу мир дар ҷамоатҳо омода мегардад.
Бино ба гуфтаи манбаъ, ҳар як нафари сеюми аҳолии минтақа кӯдаки то 14-сола (400 ҳазору 785 нафар) буда, агар боз 118 ҳазору 83 нафари аҳолии аз 15 то 19-сола ба инобат гирифта шавад, беш аз 50%-и аҳолӣ – кӯдакон ва наврасону ҷавонони то 20-сола мебошанд. «Шумори аҳолии калонсолтар аз 65-солаи минтақа 49 ҳазору 837 нафарро ташкил медиҳад», – иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки бори нахуст шумори аҳолии ноҳияи Восеъ аз 200 ҳазор нафар зиёд шуда, айни замон ба 203 ҳазору 936 нафар расидааст. «Миёни ноҳияҳои аҳолиашон сершумори минтақа шумори аҳолии ноҳияи Фархор – 154 ҳазору 989 нафар, Ҳамадонӣ – 138 ҳазору 423 нафар ва шаҳри Кӯлоб – тақрибан 129 ҳазору 581 нафарро ташкил медиҳад», – афзуд номбурда.





