Ҳудуди 314 ҳазор $-и ҳукумати Ҷопон барои амалисозии 3 лоиҳа дар Тоҷикистон

Санаи 4 феврали соли 2015 дар Сафорати Ҷопон дар Душанбе маросими ба тасвиб расидани созишномаҳои муштараки 3 лоиҳаи нав баргузор гардид. Созишномаҳои мазкур аз ҷониби Такашӣ Камада, сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони 3 мақомоти пазирандаи грантҳо ба тасвиб расиданд. Тавре аз сафорати Ҷопон дар ҶТ хабар доданд, дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳукумати Ҷопон оид […]

ASIA-Plus



Санаи 4 феврали соли 2015 дар Сафорати Ҷопон дар Душанбе маросими ба тасвиб расидани созишномаҳои муштараки 3 лоиҳаи нав баргузор гардид. Созишномаҳои мазкур аз ҷониби Такашӣ Камада, сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони 3 мақомоти пазирандаи грантҳо ба тасвиб расиданд.

Тавре аз сафорати Ҷопон дар ҶТ хабар доданд, дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ «Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба шӯъбаи урологияи беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳоти «Ғулакандоз»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов» ба маблағи 98,5 ҳазор доллари ИМА,  «Лоиҳаи сохтмони Маркази занон дар шаҳри Панҷакент ба маблағи 100,3 ҳазор доллари ИМА ва «Лоиҳаи беҳтар гардонидани системаи обёрӣ дар деҳаҳои «Қарасой» ва «Қашот»-и ҷамоати деҳоти «Қашот» дар ноҳияи Ҷиргатол» ба маблағи 114,7 ҳазор доллари ИМА амалӣ мешаванд.

Дар маросими ба тасвиб расонидани лоиҳаҳои мазкур, ҷаноби Камада қайд намуд, бо тасвиби лоиҳаҳои мазкур, шароит дар соҳаҳои тиб, иҷтимоӣ, ҳаёти занон ва соҳаи хоҷагии деҳқонӣ дар ин ноҳияҳо беҳтар хоҳад гашт. Ҳамчунин, ҷаноби Камада изҳор намуд: “Лоиҳаҳои мазкур барои вусъат бахшидани равобити дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон нақши муҳим бозӣ мекунанд. Дар баробари ин, ман умед дорам, ки муносибатҳои дӯстонаи байни ин ду давлат боз ҳам вусъат хоҳанд ёфт”.          

Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Лоиҳаҳо амнияти башарӣ дар бахши аъзами аҳолӣ 340 лоиҳаро ба маблағи умумии $27.5 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.