Гумонбарии як тоҷик ба куштори ҳамдиёраш дар Магнитогорск

Дар шаҳри Магнитогорски вилояти Челябинск ҷасади яхкардаи ҷавони 32-солаи тоҷик пайдо шуд. Дар содир намудани ин ҷиноят ҳамдиёраш, феълан шаҳрванди Русия гумонбар дониста мешавад. Бино ба гуфти роҳбари диаспораи тоҷикон дар шаҳри Магнитогорск Бахтиёр Султонов, рӯзи 22 январ зодаи ноҳияи Бохтар Ҳадятулло Абдуллоев 32-сола беному нишон ғайб задааст. «Мо оид ба ғайб задани Ҳадятулло ба […]

Сайраҳмон Назриев



Дар шаҳри Магнитогорски вилояти Челябинск ҷасади яхкардаи ҷавони 32-солаи тоҷик пайдо шуд. Дар содир намудани ин ҷиноят ҳамдиёраш, феълан шаҳрванди Русия гумонбар дониста мешавад.

Бино ба гуфти роҳбари диаспораи тоҷикон дар шаҳри Магнитогорск Бахтиёр Султонов, рӯзи 22 январ зодаи ноҳияи Бохтар Ҳадятулло Абдуллоев 32-сола беному нишон ғайб задааст.

«Мо оид ба ғайб задани Ҳадятулло ба полиси шаҳр хабар додем. Полис вақте камераҳои назоратии кучаҳоро тафтиш карда мебарояд, маълум мекунад, ки маротибаи охирин номбурда дар автомашинаи шахсии ҳамватани мо, зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Аҳмадов Иҳромиддин Лочинович нишастааст. Пулис хати ҳаракати ин автомашинаро муаяйн намуда, мо мувофиқи хатти ҳаракати ҳамин автомашина 10 рӯз кофтуков кардем ва 1 феврал ҷасади яхкардаи Ҳадятуллоро аз ҷуқурие дар дохили собиқ қисми ҳарбӣ пайдо намудем», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли номбурда, пулис бо ду моддаи кодекси ҷинои ин кишвар (куштори қасдона ва одамрабоӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, дар куштори Абдуллоев зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Аҳмадов Иҳромиддин Лочинович соли тавалудаш 1976-ро гумонбар медонад ва ӯро ҷустуҷу дорад.

Зимнан зикр гардид, ки рӯзи 2 феврал дар якҷоягӣ бо пулис автомашинаи номбурда аз шаҳри Челябинск дарёфт гардида, ҳамроҳ бо ин автомашина як зодаи дигари Тоҷикистонро низ пулис боздошт ва мавриди бозпурсӣ қарор додааст. «Бояд гуфт, ки Аҳмадов Иҳромиддин Лочинович баъди беному нишон шудани Абдуллоев аз шаҳри Магнитогорск ғайб зада, мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад», – афзуд Б.Султонов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.