Мулоқотҳои намояндагони ҲХДТ аз Хатлон бо ҳамватанон дар Русия

Намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) аз вилояти Хатлон бо муҳоҷирини кории шаҳру вилоятҳои Маскаву Твери Федератсияи Русия дидору мулоқотҳо анҷом доданд. Тавре муҳоҷирини тоҷик аз ин шаҳрҳо хабар доданд, ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав Муҳаммад Шодиён ва сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Хоналӣ Қурбонзода тайи як ҳафта ба сохтмону бозорҳо ва […]

Сайраҳмон Назриев



Намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) аз вилояти Хатлон бо муҳоҷирини кории шаҳру вилоятҳои Маскаву Твери Федератсияи Русия дидору мулоқотҳо анҷом доданд.

Тавре муҳоҷирини тоҷик аз ин шаҳрҳо хабар доданд, ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав Муҳаммад Шодиён ва сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Хоналӣ Қурбонзода тайи як ҳафта ба сохтмону бозорҳо ва дигар маконҳое, ки асосан тоҷикон кору фаъолият доранд, сафар карда бо вазъи будубош, тартиби зист, мушкилоти онҳо ва шароити кории онҳо   шинос шуданд.

Ҳамчунин зимни дидору мулоқотҳояшон намояндагони ҲХДТ ҳамватанони бурунмарзиро бо вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, иктисодиёти кишвар шинос намуда, ҳамчунин оиди таълиму тарбияи насли наврас, саҳми волидон дар таъминоти иқтисодиву иҷтимоии фарзандон, ҳамчунин  беҳтар кардани муносибат ва таваҷҷуҳи бештар барои тарбияи онҳо ибрози андеша намуданд.

Ҳайати корӣ ҳамчунин дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо губернатори вилояти Твер иштирок ва дар масъалаи раванди муҳоҷирати меҳнатии ҳамватанон дархосту пешниҳодҳои худро изҳор карданд.

Зимни суханронӣ дар дидор бо муҳоҷирин Маҳмад Шодиён ва Хоналӣ Қурбонзода аз ҷумла оид ба вазъи маорифи кишвар, мушкилоти соҳа, вазъи умумии кишвар, дастовардҳои солҳои охир ҳарф зада, таваҷҷӯҳи муҳоҷиринро ба тарбияи фарзандон равон карданд.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.