Президент ангораи ҷашни Наврӯзро тасдиқ намуд

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни Наврӯзӣ тасдиқ карда шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ангораи наврӯзӣ дар айёми тантанаҳои наврӯзӣ метавонад чун рамзи ин ҷашни пурифтихори бостонӣ аз ороишоти асосии наврӯзгоҳҳо ва ба сифати нишонҳои сарисинагӣ истифода гардад. Гуфта мешавад, ангора бо фарогирии партавфишонии Парчами кишвар, нурафшонии офтоб, сабза […]

ASIA-Plus



Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни Наврӯзӣ тасдиқ карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ангораи наврӯзӣ дар айёми тантанаҳои наврӯзӣ метавонад чун рамзи ин ҷашни пурифтихори бостонӣ аз ороишоти асосии наврӯзгоҳҳо ва ба сифати нишонҳои сарисинагӣ истифода гардад.

Гуфта мешавад, ангора бо фарогирии партавфишонии Парчами кишвар, нурафшонии офтоб, сабза ва шукуфаҳои дарахтон, тоҷ ва бо дарбаргирии шакли курраи замин бо истифодаи ранги сабз ва майсаҳои навхез, ки оғози бедоршавии фасли баҳору гармии рӯзгор аст, таҷассум гардидааст.

Наврӯз ҷашни қадимӣ ва анъанавии хоси мардуми форс-тоҷик буда, ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ 1-уми фарвардин ё худ 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Бо фаро расидани фасли баҳор деҳқон бо умеди он, ки соли бобарор ва пурфайзу баракатеро дошта бошад, ба киштукор оғоз мекунад.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли 2009 ҷашни Наврӯз ба рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО шомил гардида, ахири моҳи феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Маҷмаъи кулли СММ санаи 21-уми март «Рӯзи байнулмилалии Наврӯз» эълон шуд.

Ба ифтихори таҷлили ҷашни Наврӯз рӯзҳои 21, 22, 23 ва 24-уми март дар Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат эълон шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.