Шикояти муаллими президент аз болои ҳавзаи интихоботии маҳаллӣ

Дар ноҳияи Данғара 11 номзади ноҳиявии ҳизб, аз ҷумла муаллими раиси ҷумҳури кишвар ҷиҳати ноодилона сабти ном накардани ишон ба Суди ноҳияи Данғара муроҷиат карданд. Тибқи иттилоъи сомонаи расмии ҲНИТ бо истинод ба масъулини бахши ҳизб дар ноҳияи Данғара, 11 номзади ноҳиявии ҳизб дар ин ноҳия, ки ба хотири нагузаштан аз имтиҳони забони давлатӣ сабти […]

ASIA-Plus



Дар ноҳияи Данғара 11 номзади ноҳиявии ҳизб, аз ҷумла муаллими раиси ҷумҳури кишвар ҷиҳати ноодилона сабти ном накардани ишон ба Суди ноҳияи Данғара муроҷиат карданд.

Тибқи иттилоъи сомонаи расмии ҲНИТ бо истинод ба масъулини бахши ҳизб дар ноҳияи Данғара, 11 номзади ноҳиявии ҳизб дар ин ноҳия, ки ба хотири нагузаштан аз имтиҳони забони давлатӣ сабти ном нашуда буданд, ба хотири таҷдиди назар дар ҳукми Комиссияи интихоботӣ оиди сабти ном нашудани онҳо ба суд муроҷиат карданд.

Гуфта мешавад, аз ҷумлаи 11 номзаде, ки ба суд муроҷиат карданд, Камолов Хол, муаллими раиси ҷумҳури кишвар ҳам шомил мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки то ба имрӯз 3 номзади вилоятӣ ва 11 номзади ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Данғара сабти ном шуданд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 29 январ дар ноҳияи Данғара 22 номзади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар имтиҳони забон, ки аз тарафи ҳавзаи маҳаллии интихобот бо ширкати мутахассисони забон аз шуъбаи маорифи ноҳия баргузор гардид, ширкат карданд ва аз ҷумлаи 22 номзад 10-тои онҳо бо шумули Камолов Хол, муаллими Эмомалӣ Раҳмон

ноком шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.