Нозири «Барқи тоҷик» ба азхудкунии маблағи зиёд айбдор дониста мешавад

Сарнозири шабакаҳои барқи ноҳияи Синои пойтахт Абдулло Гадоев ба азхудкунии 20 ҳазору 300 сомонӣ айбдор дониста мешавад, ки ин маблағро ӯ ба сифати пардохти ҳаққи истифодаи барқ аз молики нонвойхона Раҷабалӣ Ҳаитов гирифтааст. Бино ба иттилои Агентии зиддифасоди Тоҷикистон, аз ин миқдор маблағи гирифтааш сарнозири ширкат ба суратҳисоби муассисаи шабакаҳои барқ ҳамагӣ 700 сомонӣ гузаронидааст. […]

Аваз Юлдошев



Сарнозири шабакаҳои барқи ноҳияи Синои пойтахт Абдулло Гадоев ба азхудкунии 20 ҳазору 300 сомонӣ айбдор дониста мешавад, ки ин маблағро ӯ ба сифати пардохти ҳаққи истифодаи барқ аз молики нонвойхона Раҷабалӣ Ҳаитов гирифтааст.

Бино ба иттилои Агентии зиддифасоди Тоҷикистон, аз ин миқдор маблағи гирифтааш сарнозири ширкат ба суратҳисоби муассисаи шабакаҳои барқ ҳамагӣ 700 сомонӣ гузаронидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел паровнадаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Қобили зикр аст, ки аз оғози сол ин аллакай далели дуюми боздошти кормандони ширкати «Барқи тоҷик» аз ҷониби Агентии зиддифасод аст. Ахири моҳи январ ду корманди ширкати «Барқи тоҷик» – нозири корҳои хоҷагидорӣ Парвиз Одинаев ва нигаҳбони даромадгоҳи ширкат Сиёвуш Маҷидов ба содир намудани амали коррупсионӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ

гумонбар ва боздошт шуда буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.