Ташрифи муовинони ёвари Котиби давлатии ИМА ба Душанбе

Ду муовини ёвари Котиби давлатии ИМА Даниэл Розенблум ва Стивен Фелдштейн рӯзҳои 5 то 8-уми феврали соли ҷорӣ ба Душанбе  ташриф меоранд. Тавре аз бахши иттилоооти сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, дар доираи сафари мазкур бархе аз масоили дуҷониба ва байналмиллалӣ  бо намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ хоҳанд шуд. Инчунин вохӯрии онҳо  бо ташкилотҳои ҷомеаи […]

ASIA-Plus



Ду муовини ёвари Котиби давлатии ИМА Даниэл Розенблум ва Стивен Фелдштейн рӯзҳои 5 то 8-уми феврали соли ҷорӣ ба Душанбе  ташриф меоранд.

Тавре аз бахши иттилоооти сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, дар доираи сафари мазкур бархе аз масоили дуҷониба ва байналмиллалӣ  бо намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ хоҳанд шуд. Инчунин вохӯрии онҳо  бо ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назар аст.

Гуфта мешавад, Даниэл Розенблум  муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои  Осиёи Марказӣ дар Департаменти давлатӣ мебошад. Даниэл Розенблум дар Бюрои Департаменти давлатӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ фаъолият намуда, маъсули сиёсати ИМА ва муносибатҳои дипломатӣ бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, аз қабили Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки Стивен Фелдштейн муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба демократия, ҳуқуқи инсон ва меҳнат мебошад.  Стивен Фелдштейн масъул оид ба масоили меҳнати байналмилалӣ ва озодии динии байналмилалӣ мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.