Эҳтимоли ҷалби волидайн ба ҷавобгарӣ барои мавҷуд набудани тарбияи экологӣ



Узви палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, директори макиаби таҳсилоти миёнаи умумӣ Гулчеҳра Ғаниева ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро пешниҳод намуд.

Моҳияти тағйироту илова пешниҳоднамудаи Гулчеҳра Ғаниева дар он ифода меёбад, ки дар Тоҷикистон барои тарбияи экологии фарзандон падару модарон бояд масъулият дошта бошанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар ин робита хабар дод, ин тағиийроту илова айни замон дар кумитаву комиссияҳои дахлдори ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд

«Директори мактаб ин иқдоми худро бо он маънидод мекунад, ки онҳо ба ҳифзи муҳити зист, камшавии партовҳои ғайриқонунӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва тозоаву озода нигоҳ доштани шаҳру навоҳии кишвар нигаронида шудаанд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки тағийроту иловаҳои зикршударо акнун вакилони даъвати нави палатаи поёнии парлумон баррасӣ хоҳанд кард.

spot_imgspot_img

Популярное