Дастури раиси пойтахт оид ба назорати фаъолияти роҳбарон



Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти садорати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба баррасии масоили мухталифи хоҷагидории шаҳр  ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни баррасии амиқи масоили мубрами ҳаёти шаҳрдорӣ аз роҳбарони субъектҳои хоҷагидорӣ талаб кард, ки дар иҷрои вазифаҳои мансабии худ аҳли ҷамоатчигири ҷалб намуда, ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд.

Ҷиҳати амалан дар марзи маъмурии шаҳр татбиқ намудани ин муқаррарот  аз прокуратураи шаҳр  даъват ба миён овард, ки бо ҷалби прокуратураҳои ноҳиявӣ шуруъ аз 10 феврали соли 2015 фаъолияти роҳбарони сохторҳои зидахли шаҳрию ноҳиявиро дар иҷрои вазифаҳои таъинотӣ  мавриди назорат ва санҷиши доимӣ қарор диҳад.

Дар ҷаласа ба мушкилоти марбут ба вазъи роҳҳо ва кӯчаҳои шаҳр таваҷҷуҳ зоҳир шуда, зикр гардид, ки роҳҳо ҳамчунин бар асари истифодаи техникаи вазнин аз ҷониби ширкатҳои сохтмонӣ низ хароб мешавад ва аз ин рӯ, дар ҷаласа қарор гардид, ки минбаъд дар шаҳр дилхоҳ қарорҳои раиси шаҳри Душанбе оид ба иҷозат додан барои сохтмон бидуни саҳмгузорӣ дар барқарору нигаҳдории минтақаи роҳи истифодашаванда аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ ба тасвиб нахоҳад расид.

Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои сарфаву сариштакорона истифодабарии нерӯи барқ ва пардохти ҳаққи барқи истифодашуда, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, бо ғамхориҳо фаро гирифтани маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, риояи танзими расму оин, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, пешгирии савдои кӯчагӣ, роҳ надодан ба зиёдаравиҳо дар иҷрои фаризаҳои динӣ, иштироки фаъолона дар маъракаҳои интихоботӣ, баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон, риояи интизоми меҳнат дар мақомоти давлатӣ ва омодагиҳо ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ  матраҳ ва ба масъулин супоришҳои мушаххас ироа карда шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное