Танҳо моҳи январ беш аз 45 ҳазор нафар тоҷикистониён муҳоҷиратро ихтиёр карданд

Танҳо дар моҳи январи соли равон 45 ҳазору 418 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути тайёра ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба самти Русия  раҳсипор шудаанд, ки аз онҳо 6 ҳазору 858 нафарро занон ташкил медиҳанд. Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, аксари муҳоҷирон ба Русия ва аз шумори умумӣ ҳамагӣ 245нафарашон ба […]

ASIA-Plus



Танҳо дар моҳи январи соли равон 45 ҳазору 418 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути тайёра ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба самти Русия  раҳсипор шудаанд, ки аз онҳо 6 ҳазору 858 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, аксари муҳоҷирон ба Русия ва аз шумори умумӣ ҳамагӣ 245нафарашон ба Қазоқистон сафар кардаанд.

Гуфта мешавад, дар моҳи январ 39 ҳазору 654 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз Русия ба ватан баргаштаанд, ки 5 ҳазору 361 нафарашон занон мебошанд. «Мутаассифона, 239 нафар шаҳрвандони мо барои ҳуқуқвайронкунии қоидаҳои будубош, бозпас гардонида шудаанд, ки 39 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд», – хабар медиҳад манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.