БАТР: Суръати афзоиши ММД-и Тоҷикистон то 4,4% коҳиш меёбад

Зимни муаррифии гузориш дар бораи давраи гузариш ва пешгӯии иқтисодии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Душанбе санаи 9-уми феврал сариқтисодчии бонки мазкур оид ба Осиёи Марказӣ Агрис Прейманис изҳор намуд, ки БАТР коҳиши суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли 2015-ро аз 6,7% дар соли 2014 то ба 4,4% дар соли […]

Пайрав Чоршанбиев



Зимни муаррифии гузориш дар бораи давраи гузариш ва пешгӯии иқтисодии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Душанбе санаи 9-уми феврал сариқтисодчии бонки мазкур оид ба Осиёи Марказӣ Агрис Прейманис изҳор намуд, ки БАТР коҳиши суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли 2015-ро аз 6,7% дар соли 2014 то ба 4,4% дар соли равон пешгӯӣ мекунад.

Бино ба гуфтаи ӯ, ба коҳиши суръати афзоиши ММД-и кишвар дар соли равон поинравии рушди иқтисоди Русия, беқурбшавии беҳади рубли русӣ ва ҳамчунин коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ва дар сатҳи начандон назаррас коҳиши ҳаҷми содирот ба Русия таъсир хоҳад расонд.

Номбурда зикр кард, ки пас аз Белорус Тоҷикистон кишвари бештар вобаста ба Русия дар қаламрави пасошӯравӣ аст.

Иқтисодчии БАТР бад шудани дурнамои рушди иқтисод дар Русия дар соли 2015 – сустшавии рушди иқтисод, поинравии қурби рублро, ки ба он поинравии нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ боис мегардад, пешгӯӣ кард.

Агрис Прейманис бар ин назар аст, ки Тоҷикистон бояд воқеъияти нав, яъне суръати пасти рушди иқтисод дар Русия, нархи паст ба нафт ва чолишҳои нави Чинро бипазирад.

Дар шароити душвори вазъ дар хориҷи кишвар, ӯ ба ҳукумати Тоҷикистон идомаи ислоҳот, яъне беҳбуди муҳити сармоягузорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ, рушди ҳамгиройӣ ва робитаҳои байнулмилалӣ ва ҳамчунин беҳтар кардани зербинои иқтисодро тавсия дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.