Дастури раиси пойтахт оид ба назорати фаъолияти роҳбарон

Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти садорати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба баррасии масоили мухталифи хоҷагидории шаҳр  ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни баррасии амиқи масоили мубрами ҳаёти шаҳрдорӣ аз роҳбарони субъектҳои хоҷагидорӣ талаб кард, ки дар иҷрои вазифаҳои […]

ASIA-Plus



Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти садорати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба баррасии масоили мухталифи хоҷагидории шаҳр  ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни баррасии амиқи масоили мубрами ҳаёти шаҳрдорӣ аз роҳбарони субъектҳои хоҷагидорӣ талаб кард, ки дар иҷрои вазифаҳои мансабии худ аҳли ҷамоатчигири ҷалб намуда, ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд.

Ҷиҳати амалан дар марзи маъмурии шаҳр татбиқ намудани ин муқаррарот  аз прокуратураи шаҳр  даъват ба миён овард, ки бо ҷалби прокуратураҳои ноҳиявӣ шуруъ аз 10 феврали соли 2015 фаъолияти роҳбарони сохторҳои зидахли шаҳрию ноҳиявиро дар иҷрои вазифаҳои таъинотӣ  мавриди назорат ва санҷиши доимӣ қарор диҳад.

Дар ҷаласа ба мушкилоти марбут ба вазъи роҳҳо ва кӯчаҳои шаҳр таваҷҷуҳ зоҳир шуда, зикр гардид, ки роҳҳо ҳамчунин бар асари истифодаи техникаи вазнин аз ҷониби ширкатҳои сохтмонӣ низ хароб мешавад ва аз ин рӯ, дар ҷаласа қарор гардид, ки минбаъд дар шаҳр дилхоҳ қарорҳои раиси шаҳри Душанбе оид ба иҷозат додан барои сохтмон бидуни саҳмгузорӣ дар барқарору нигаҳдории минтақаи роҳи истифодашаванда аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ ба тасвиб нахоҳад расид.

Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои сарфаву сариштакорона истифодабарии нерӯи барқ ва пардохти ҳаққи барқи истифодашуда, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, бо ғамхориҳо фаро гирифтани маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, риояи танзими расму оин, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, пешгирии савдои кӯчагӣ, роҳ надодан ба зиёдаравиҳо дар иҷрои фаризаҳои динӣ, иштироки фаъолона дар маъракаҳои интихоботӣ, баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон, риояи интизоми меҳнат дар мақомоти давлатӣ ва омодагиҳо ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ  матраҳ ва ба масъулин супоришҳои мушаххас ироа карда шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.