Маълумот оид ба ҳалокати яке аз пешвоёни ҷангиёни тоҷик дар Сурия



Дар шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» лар бораи ҳалокати ҳалокати 4 ҷангии тоҷик, бо шумули Абӯ Муҳамммад Ат-Тоҷикӣ, як воизи асосии ҷангиёни тоҷик дар Сурия маълумот ба нашр расид.

Бино ба иттилои бахши тоҷикии торнамои

радиои «Озодӣ»

, дар як саҳифаи марбут ба ҷангиёни зодаи Шӯравии собиқ дар шабакаи иҷтимоии русии “Одноклассники” хабари ҳалокати 4 ҷангии тоҷик дар Ховари Миёна нашр шудааст.  Дар як паёми кӯтоҳи ҷангиён, ки ҳанӯз рӯзи 6 феврал дар саҳифаи ба ҷангиён наздики ”Шариат – закон жизни мусульман” нашр шудааст, лақаби он ҳам танҳо яке аз ин ҷангиён – Абӯ Муҳамммад Ат-Тоҷикӣ –  оварда шудааст.

Гуфта мешавад, дар ин паёми иборат аз ҳамагӣ чанд ҷумла навиштаанд, “БОЗ ЯК БАРОДАРИ МО, иншоАллоҳ, шаҳид шуд…Абӯ Муҳаммад Ат-Тоҷикии мо, субҳонАллоҳ. Тавре маълум аст, ҳамроҳи ӯ боз 3 бародар аз Тоҷикистон ба шаҳодат расиданд,иншоАллоҳ. Барои онҳо дуо кунед!!! Бигзор Аллоҳ шаҳодати ҳамаи онҳоеро, ки дар роҳи Ӯ ҷон медиҳанд, бипазирад. Омин!!!”. 

spot_imgspot_img

Популярное