Раиси ҲАТ сокинони Суғдро ба ҷонибдорӣ дар интихобот даъват кард

Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) Рустам Латифзода имрӯз бо интихобкунандагони ноҳияҳои Спитамен ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мулоқот орсота, ба онҳо барномаи пешазинтихоботӣ ва ҳадафу мароми ҳизбро шарҳу тавзеҳ дод. Роҳбари дастгоҳи ҲАТ Муним Абдусамадов дар ин робита иттилоъ дод, ки ӯ ҳамчун номзад ба вакилӣ имрӯз бо сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд як […]

Аваз Юлдошев



Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) Рустам Латифзода имрӯз бо интихобкунандагони ноҳияҳои Спитамен ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мулоқот орсота, ба онҳо барномаи пешазинтихоботӣ ва ҳадафу мароми ҳизбро шарҳу тавзеҳ дод.

Роҳбари дастгоҳи ҲАТ Муним Абдусамадов дар ин робита иттилоъ дод, ки ӯ ҳамчун номзад ба вакилӣ имрӯз бо сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд як силсила мулоқотҳо анҷом дода, ба саволҳои сершумори интихобкунандагон посух гуфт.

«Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ҲАТ тибқи рӯйхати ҳизбӣ 13 нафар номзад пешбарӣ намуда, аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ 19 намояндаи ҲАТ барои курсии парлумонӣ довталабӣ мекунанд», – иброз дошт ӯ.

Абдусаломов таъкид дошт, ки дар интихобот ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳӣ 958 нафар номзадҳои ҲАТ ба қайд гирифта шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.