Давраи омӯзишӣ оид ба нерӯҳои ҳомии сулҳи СММ дар Душанбе

Шӯъбаи ҳамкории ҳарбии Сафорати ИМА ва Маркази омӯзиши масоили амният ба номи Ҷорҷ Маршалл аз 9 то 11 феврали соли ҷорӣ дар шаҳриДушанбе давраи омӯзиши солонаи сеюми “Рушди қувваҳои сулҳҷӯёнаи СММ”-р баргузор намуд. Тавре ба бахши иттилооти сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, дар омӯзиши соли равон мутахассисони соҳаи амалиёти сулҳҷӯена аз ИМА, Олмон, Муғулистон […]

ASIA-Plus



Шӯъбаи ҳамкории ҳарбии Сафорати ИМА ва Маркази омӯзиши масоили амният ба номи Ҷорҷ Маршалл аз 9 то 11 феврали соли ҷорӣ дар шаҳриДушанбе давраи омӯзиши солонаи сеюми “Рушди қувваҳои сулҳҷӯёнаи СММ”-р баргузор намуд.

Тавре ба бахши иттилооти сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, дар омӯзиши соли равон мутахассисони соҳаи амалиёти сулҳҷӯена аз ИМА, Олмон, Муғулистон ва Қазоқистон масъалаҳои стратегии сатҳи миллиро оиди рушд, омӯзиш ва ҷойгиршавии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ҳайати қувваҳои сулҳҷӯёнаи СММ матраҳ намуданд. Намояндагони Қазоқистон ва Муғулистон таҷрибаи худро дар такмили фаъолияти сулҳҷӯёна, ҷанбаи қонунгузорӣ ва таҷрибаи иштироки амалӣ дар амалиётҳои сулҳҷӯёнаи СММ ва амалиётҳои коалитсионӣ ҷиҳати собитгардонӣ муҳокима карданд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи барномаи Ташаббуси умумиҷаҳонии амалиётҳои сулҳҷӯёна (GPOI) аз соли 2007 ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими иқтидори сулҳҷӯёна кӯмак мерасонад. Дар чорчӯбаи барномаи мазкур давлати Тоҷикистон соли 2010 баталиони сулҳҷӯёнаро таъсис додааст. Бо ёрии ИМА ҷузъҳои баталиони сулҳҷӯёна аз соли 2012 дар як қатор машқҳои омӯзишии сулҳҷӯёна дар Муғулистон, Непал, Қазоқистон, Олмон ва ИМА иштирок карданд. Шарокати пойдори ИМА ва Точикистон дар доираи GPOI ба 6,6 миллиони доллари ИМА баробар буда, ба гузарондани омӯзишу машқҳо, таъмини таҷҳизот, тармими истиқоматгоҳ ва такмили шароитҳои омӯзишу тайёрӣ равона шудааст.

Шӯъбаи ҳамкории ҳарбии Сафорати ИМА дар ҳамкорӣ бо қувваҳои мусаллаҳ ва мақомоти амнияти Тоҷикистон давраҳои омӯзишии мухталиф, таъмини таҷҳизот ва дигар фаъолияти шарикиро, аз ҷумла дар арсаи мубориза зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, амнияти сарҳад, фаъолияти сулҳҷӯёнаи СММ, кӯмаки башардӯстона, безарарсозии минаҳо ва ғайраҳо татбиқ мекунад. Шӯъбаи ҳамкории ҳарбӣ барномаи шарокати ҳарбии Фармондеҳии марказии ИМА-ро идора менамояд, ки омӯзиши мазкур аз он ҷумла мебошад, ва ҳар сол тахминан 80 чорабиниро дар Тоҷикистон ва ИМА мегузаронад. Аз соли 2003 Шӯъбаи ҳамкории ҳарбии Сафорат кӯмаки низомиро ба маблағи тақрибан 200 миллион доллари ИМА дастрас намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.