Чин ҳамкориҳо бо Тоҷикистонро ривоҷ доданист

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун мулоқот кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисоди ҶТ, дар оғоз сафир Неъматулло Ҳикматуллозодаро барои таъйин шуданаш ба вазифаи вазирӣ табрику таҳният намуда, изҳори итминон намуд, ки дар оянда низ ҳамкории Вазорат бо ниҳодҳои иқтисодии Чин […]

ASIA-Plus



Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун мулоқот кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисоди ҶТ, дар оғоз сафир Неъматулло Ҳикматуллозодаро барои таъйин шуданаш ба вазифаи вазирӣ табрику таҳният намуда, изҳори итминон намуд, ки дар оянда низ ҳамкории Вазорат бо ниҳодҳои иқтисодии Чин ривоҷ хоҳанд ёфт.

Гуфта мешавад, дар навбати худ Неъматулло Ҳикматуллозода барои табрикот ва робитаҳои гуногунҷанбаи ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ миннатдорӣ изҳор намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ табодули назар намуданд.

Қобили зикр аст, ки айни замон Чин яке аз шарикони асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо аз 32 млн. $-и соли 2003 дар соли 2013 қариб ба 1 млрд. $ (тибқи омори Тоҷикистон) ё беш аз 2 млрд. $ (тибқи омори Чин) расид.

Ҳамчунин Чин тадриҷан ба сармоягузори асосии Тоҷикистон табдил меёбад. Тибқи асноди моҳи сентябри соли гузашта баимзорасида миёни кишварҳо дар Душанбе, давоми 3 соли оянда Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 6 млрд. $ маблағгузорӣ мекунад.

Ғайр аз ин, Чин қарздеҳи асосӣ ба Тоҷикистон ба шумор рафта, аввали соли равон маблағи қарзи Тоҷикистон назди Чин ба сурати умум 911 млн. $-ро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.