Кумаки Ҷопон ба беҳбуди шароити кӯдакони имконияташон маҳдуди Рашт

Рӯзи 12 феврали соли 2015 дар сафорати Ҷопон дар Душанбе маросими ба тасвиб расидани созишномаи грантӣ оид ба “Лоиҳаи беҳтар гардонидани марказҳои дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Рашт” баргузор гардид.   Тавре аз сафорати Ҷопон дар ҶТ хабар доданд, созишномаи мазкур аз ҷониби Такашӣ Камада, сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қаноатшо Лоиқов, раиси […]

ASIA-Plus



Рӯзи 12 феврали соли 2015 дар сафорати Ҷопон дар Душанбе маросими ба тасвиб расидани созишномаи грантӣ оид ба “Лоиҳаи беҳтар гардонидани марказҳои дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Рашт” баргузор гардид.

 

Тавре аз сафорати Ҷопон дар ҶТ хабар доданд, созишномаи мазкур аз ҷониби Такашӣ Камада, сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қаноатшо Лоиқов, раиси ноҳияи Рашт ба тасвиб расид. Маблағи умумии 102,371 доллари ИМА аз тарафи Ҳукумати Ҷопон барои лоиҳаи мазкур дар доираи барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ ҷудо гардид.

Дар маросими имзогузорӣ, намояндагони ташкилоти байналмиллалии ЮНИСЕФ, ташкилоти ҷамъиятии “Заршедабону”, ки ба кӯдакон ва ҷавонони имконияташон маҳдуд хизмат мерасонад, ҳамчунин намояндагон аз Маркази хизматрасониҳои рӯзонаи “Аниса” ширкат намуданд. Ташкилотҳои мазкур дар амалӣ гардонидани лоиҳаи номбурда бевосита иштирок меварзанд.

Дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳа, бинои Маркази хизматрасониҳои рӯзонаи “Аниса” пурра таъмир мегардад ва Маркази нави машваратгоҳи равониву тиббӣ-омӯзгорӣ дар Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт таъсис меёбад. Ҳамзамон, тавассути лоиҳаи мазкур ҳарду иншоот бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд. Бо анҷом ёфтани лоиҳа, иншоотҳои зикршуда метавонанд ба кӯдакони имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Рашт ва гирду атрофи он хизматҳои ҳамаҷониба ва кӯмак расонанд.      

Дар маросими ба тасвиб расонидани лоиҳаҳои мазкур, ҷ-би Камада қайд намуд, ки Барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарии Ҷопон барои амали гаштани лоиҳаҳои мухталиф дар сартосари мамлакат ба таври назаррас барои рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегузорад. Алалхусус, ин лоиҳа барои фароҳам овардани муҳити беҳтар барои кӯдакон дар манотиќи дурдаст, ки ба нигоҳубини махсус ниёз доранд мусоидат хоҳад намуд. Ҷ-би Лоиқов миннатдории хешро ба Ҳукумат ва мардуми Ҷопон изҳор намуда ваъда дод, ки лоиҳаи номбурдаро бомуваффаќ амалӣ хоҳанд намуд.    

Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёд сохтани ҷомеаи беҳтар кӯмаки хешро идома диҳад.

Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудаанд. Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад. Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 341 лоиҳаро ба маблағи умумии $27.6 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.