Мувофиқи маълумоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Шӯрообод амалиёти махсуси муштарак гузаронида шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии
КДАМ ҶТ, 5 феврали соли равон қочоқбарони афғон мувофиқи маслиҳати пешакӣ бо қочоқчиёни тоҷик, ният доштанд миқдори зиёди маводи мухаддирро ба қаламрави Тоҷикистон интиқол диҳанд.
Аз сабаби дар ҳолати пурзӯри муҳофизат қарор доштани сарҳади давлатӣ, қочоқчиён 7 феврали соли ҷорӣ нақшаҳои худро тағйир дода, дар минтақаи яке аз дидбонгоҳи ОС «Шӯрообод» аз ҳудуди Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон миқдори зиёди маводи мухаддирро интиқол дода, ба қочоқбарони тоҷик месупоранд.
Пас аз супоридан, яке аз қочоқбарони афғон, ки ному насабаш бо сабаби халал нарасонидан ба рафти тафтишот фош карда намешавад, дастгир гардид.
Қочоқбарони тоҷик пас аз гирифтани маводи мухаддир бо воситаи автомашинаи тамғаи «Нива» тавассути деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод ба ноҳияи Восеъ ва баъдан ба ноҳияи Ҳамадонӣ ҳаракат менамоянд.
Кормандони фаврии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо маълумоти мазкур дар рафти амалиёт дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон бо сабаби маҳдуд будани вақт, ба ШВКД ноҳияи Восеъ низ барои пешгирӣ намудани интиқоли маводи мухаддир аз минтақаи сарҳадӣ хабар дода, бо пешниҳоди кормандони фаврӣ дар самтҳои эҳтимолияти ҳаракати қочоқчиён аз ҳисоби кормандони ШКВД ноҳияи Восеъ постҳои муваққатӣ гузошта мешавад.
Дар натиҷаи ин амалиёти махсуси муштараки кормандони ҳифзи ҳуқуқ, тақрибан соатҳои 22:00-22:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ кормандони ШВКД ноҳияи Восеъ дар минтақаи деҳаи «Ибрат»-и ноҳияи Восеъ автомашинаи тамғаи «Нива»-ро, ки онро шаҳрванд Насимов Хуршедҷон Маҳмадҷонович, соли таваллудаш 21.10.1992, миллаташ тоҷик, сокини кӯчаи И.Сомонӣ, хонаи №10-и шаҳраки Москваи ноҳияи Ҳамадонӣ идора менамуд, боздошт намуданд.
Ҳангоми азназаргузаронии автомашина, аз бағоҷи он, ба миқдорӣ 1 кг 950 гр героин ва 84 кг 500 гр афъюн (баъди ташхис) дарёфт ва мусодира шудааст.
Гуфта мешавад, оид ба далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома доранд.



