Пешбарии номзадии 11 журналист ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон

Дар маъракаи қарибулвуқӯъи интихоботи парлумонӣ 11 нафар журналистон номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ пешбарӣ шуданд. Ба гуфтаи сухангӯи Ҳизби наҳзатии исломии Тоҷикистон Маҳмудҷон Файзраҳмонов, ҳизби онҳо фаъолон аз ҳисоби журналистон Маҳмадалии Ҳайит, худи М.Файзраҳмон, Ҳикматулло Сайфуллозода, Саидиброҳими Назар, Пайрав Масаидов, Абдуқаҳҳори Давлат ва Раҳматуллои Раҷабро номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон пешбарӣ […]

ASIA-Plus



Дар маъракаи қарибулвуқӯъи интихоботи парлумонӣ 11 нафар журналистон номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ пешбарӣ шуданд.

Ба гуфтаи сухангӯи Ҳизби наҳзатии исломии Тоҷикистон Маҳмудҷон Файзраҳмонов, ҳизби онҳо фаъолон аз ҳисоби журналистон Маҳмадалии Ҳайит, худи М.Файзраҳмон, Ҳикматулло Сайфуллозода, Саидиброҳими Назар, Пайрав Масаидов, Абдуқаҳҳори Давлат ва Раҳматуллои Раҷабро номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон пешбарӣ намудааст.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон журналистон Низом Қосим ва Олим Салимзодаро, ки дар даъвати ҳозираи палатаи поёнии парлумон низ ҲХДТ-ро намояндагӣ мекунанд, дубора номзад пешбарӣ кард

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон рӯзноманигор Улафтхонум Мамадшоева ва Ҳизби демократи Тоҷикистон журналист Аҳмадшоҳ Комилзодаро номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.