ҲДТ барномаи худро бо теъдоди 150 ҳазор нусха ба нашр расонид

Дар остонаи интихобот ба палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) барномаи пешазинтихоботии худро бо теъдоди 150 ҳазор нусха ба нашр расонид. Раиси ҲДТ Саидҷаъфар Исмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки барнома ва платформаи ҳизб тибқи фармоиш дар саҳифаҳои нашрияи хусусии «Истиқлол» ба чоп расиданд, ки ба […]

ASIA-Plus



Дар остонаи интихобот ба палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) барномаи пешазинтихоботии худро бо теъдоди 150 ҳазор нусха ба нашр расонид.

Раиси ҲДТ Саидҷаъфар Исмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки барнома ва платформаи ҳизб тибқи фармоиш дар саҳифаҳои нашрияи хусусии «Истиқлол» ба чоп расиданд, ки ба ин муносибат теъдоди чопи нашрия бамаротиб зиёд карда шудааст..

Ба гуфтаи Исмонов, дар интихобт ба палатаи поёнии парлумон ҲДТ 7 номзад пешбарӣ кардааст, ки 3 нафарашон тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 4 нафар аз ҳавзаҳои якмандатии итихоботӣ пешбарӣ шудаанд. «Ба сифати шахсони бовариноки номзадҳои ҲДТ 37 нафар фаъолони ҳизб ба қайд гирифта шуданд», – иброз дошт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки 68 нафар фаъолони ҲДТ ба ҳайси номзад ба вакилони маҷлисҳои вилоятӣ ва шаҳру навоҳӣ сабти ном шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.