Ш.Зуҳуров ва намояндаи САҲА масоили озодии баён дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд

Раиси Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурчон Зухуров бо намояндаи  Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии матбуот Миклош Харасти ва ҳамроҳони ӯ, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот кард. Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни вохӯрӣ ба масоили марбут ба вазъ дар васоити […]

Аваз Юлдошев



Раиси Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурчон Зухуров бо намояндаи  Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии матбуот Миклош Харасти ва ҳамроҳони ӯ, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот кард.

Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни вохӯрӣ ба масоили марбут ба вазъ дар васоити ахбори умум ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои журанлистон таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

«Шукурчон Зухуров иброз намуд, ки Тоҷикистон дар заминаи ҳифзи ҳуқуқи хабарнигорон ва расонаҳо тадбирҳои муҳимро андешида ва дар ин росто санадҳои муҳимеро низ таҳия ва омода кардааст,  ки барои фаъолияти ояндаи ВАО ва шаффофияти озодии баён дар кишвар мусоидат мекунад», – қайд кард Султонов.

Ба иттилои манбаъ, раиси палатаи поёнии парлумон аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистону САҲА дар самтҳои гуногун, аз ҷумла масоили ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои аққалиятҳои миллӣ, мубориза бо терроризм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳкими марз бо Афғонистон ва ғайра қаноатмандӣ изҳор намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.