Раиси КМИР ҳайати нозирони байнулмилалиро ба ҳузур мепазирад

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён имрӯз ҳайати нозирон аз кишварҳои узви Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ-ро ба ҳузур мепазирад. Роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳайати мазкур аз 19 нафар нозирон иборат буда, роҳбарии онро котиби генералии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Алексей Сергеев ба уҳда […]

Аваз Юлдошев



Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён имрӯз ҳайати нозирон аз кишварҳои узви Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ-ро ба ҳузур мепазирад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳайати мазкур аз 19 нафар нозирон иборат буда, роҳбарии онро котиби генералии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Алексей Сергеев ба уҳда дорад ва ба ҳайат ҳамчунин муовини котиби генералӣ Ион Липчигу, директори Пажуҳишгоҳи байнулмилалии мониторинги рушди демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандони кишварҳои узви Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Андрей Баранов шомиланд.

Ба иттилои манбаъ, Шермуҳаммад Шоҳиён имрӯз ҳамчунин бо намояндагони ҳайати нозирони интихоботи парлумонӣ аз ИДМ таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Владмир Гаркун низ дидору гуфтушунид мекунад. «То имрӯз КМИР 56 нафар нозирони байнулмилалӣ аз ИДМ-ро расман ба қайд гирифт», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки пас аз мулоқот бо раиси КМИР роҳбарони ҳайатҳои нозирон аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва ИДМ дар бинои КМИР нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд.

Қобили зикр аст, ки КМИР Тоҷикистон то имрӯз 208 нафар нозирони байнулмилалӣ аз созмону ташкилотҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои ҷудогонаро расман сабти ном кард.

Додозода таъкид дошт, ки дар пайгирӣ (мониторинг)-и интихоботи парлумонии Тоҷикистон беш аз 500 нафар нозирони байнулмилалӣ аз созмонҳои ҷаҳониву минтақавӣ ва кишварҳои ҷудогона ширкат хоҳанд варзид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.