Беш аз 4,8 млн. $ кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар моҳи январ



Моҳи январи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 4,8 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардид.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ин кумак бо вазни умумии 535,3 тонна аз 14 кишвари дунё ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба ИМА – 53,6%, Словения – 24,1%, Дания – 6,9%, Нидерланд – 5,3%, Чин – 2,3%, Австрия – 2,2%, Корея – 1,7% ва Аморати Муттаҳидаи Араб – 1,3% рост меояд.

spot_imgspot_img

Популярное