Хатлон: Дарёфти маводи мухаддир дар дохили автомашина

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар таъмиргоҳи нақлиёт мошинаи тамғаи “БМВ”-ро, ки ба сокини ноҳияи Бохтар таалуқ дошт, аз назар гузарониданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар дохили автомашина зери дастаи ивазкунии суръат як бастаи селлофанӣ бо маводи ҷигариранг ошкор гардида, […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Қӯрғонтеппа кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар таъмиргоҳи нақлиёт мошинаи тамғаи “БМВ”-ро, ки ба сокини ноҳияи Бохтар таалуқ дошт, аз назар гузарониданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар дохили автомашина зери дастаи ивазкунии суръат як бастаи селлофанӣ бо маводи ҷигариранг ошкор гардида, мутахассисони Шуъбаи Экспертизаи судии РАНМН дар вилояти Хатлон муайян намуданд, маводи мусодирашуда афюн мебошад.

Гуфта мешавад, соҳиби автомашина нишон дод, ки афюнро аз сокини дигари ноҳияи Бохтар харидорӣ намудааст. Айни ҳол барои муайян ва дастгир намудани фурӯшандаи афюн чорабиниҳои оперативӣ андешида шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт давом дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бонки осиёии рушд 7,3% болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2026 пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани соҳибкори Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.