Баррасии шикоят ба ҳукми адвокат Шуҳрат Қудратов дар Суди олӣ

Суди олии Тоҷикистон имрӯз, 3 март шикояти Раҳматилло Зойиров, ҳимоягари адвокат Шуҳрат Қудратов нисбати содир шудани ҳукми 9 соли зиндони низомаш шадидро баррасӣ мекунад. Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки баррасии шикояти кассатсионӣ соати 10-00 оғоз гардида, дар он аз иштироки худи маҳкумшуда Шуҳрат Қудратов низ интизорӣ меравад. Ёдрас мекунем, ки […]

ASIA-Plus



Суди олии Тоҷикистон имрӯз, 3 март шикояти Раҳматилло Зойиров, ҳимоягари адвокат Шуҳрат Қудратов нисбати содир шудани ҳукми 9 соли зиндони низомаш шадидро баррасӣ мекунад.

Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки баррасии шикояти кассатсионӣ соати 10-00 оғоз гардида, дар он аз иштироки худи маҳкумшуда Шуҳрат Қудратов низ интизорӣ меравад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13-уми январ суди шаҳри Душанбе Шуҳрат Қудратовро ба

9

соли зиндони низомаш шадид


 маҳкум кард. Ба ӯ ҳамчунин дар муддати ду сол пас аз озодӣ машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ низ манъ карда шуд.

Шуҳрат Қудратов тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – додани пора ва қаллобӣ гунаҳкор дониста шуда, тибқи моддаи аввал суд ӯро ба 6 сол ва тибқи моддаи дуюм ба 8 соли зиндон маҳкум намуда, аммо бо назардошти қонуни афв, муҳлати ҷазо то 9 сол кам карда шуд.

Қаблан Қудратов аз суд дархост намуда буд, ки аз айбномаҳои ба ӯ пешниҳодшуда гунаҳкорӣ тибқи моддаи 320-и КҶ ҶТ (Додани пора) гирифта шавад.

Нимаи моҳи январи соли равон Раҳматилло Зойиров дар ин робита иттилоъ дода буд, ки зерҳимояаш бо дифоъ аз манфиатҳои Зайд Саидов ва дигар шахсон, ки тафтишоти парвандаи онҳо ба дӯши Агентии зиддифасод вогузор шуда буд,


ба ин мақомот халал мерасонд,


«вагарна Шуҳрат Қудратов ба озодӣ мебаромад».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.