Суди олии Тоҷикистон имрӯз, 3 март шикояти Раҳматилло Зойиров, ҳимоягари адвокат Шуҳрат Қудратов нисбати содир шудани ҳукми 9 соли зиндони низомаш шадидро баррасӣ мекунад.
Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки баррасии шикояти кассатсионӣ соати 10-00 оғоз гардида, дар он аз иштироки худи маҳкумшуда Шуҳрат Қудратов низ интизорӣ меравад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13-уми январ суди шаҳри Душанбе Шуҳрат Қудратовро ба
9
соли зиндони низомаш шадид
маҳкум кард. Ба ӯ ҳамчунин дар муддати ду сол пас аз озодӣ машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ низ манъ карда шуд.
Шуҳрат Қудратов тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – додани пора ва қаллобӣ гунаҳкор дониста шуда, тибқи моддаи аввал суд ӯро ба 6 сол ва тибқи моддаи дуюм ба 8 соли зиндон маҳкум намуда, аммо бо назардошти қонуни афв, муҳлати ҷазо то 9 сол кам карда шуд.
Қаблан Қудратов аз суд дархост намуда буд, ки аз айбномаҳои ба ӯ пешниҳодшуда гунаҳкорӣ тибқи моддаи 320-и КҶ ҶТ (Додани пора) гирифта шавад.
Нимаи моҳи январи соли равон Раҳматилло Зойиров дар ин робита иттилоъ дода буд, ки зерҳимояаш бо дифоъ аз манфиатҳои Зайд Саидов ва дигар шахсон, ки тафтишоти парвандаи онҳо ба дӯши Агентии зиддифасод вогузор шуда буд,
ба ин мақомот халал мерасонд,
«вагарна Шуҳрат Қудратов ба озодӣ мебаромад».







