Корманлони мақомоти милиса ба гумони даст доштан дар куштор сокини 44-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Александр Пудовкинро боздошт намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, боздоштшуда дар хонаи модараш дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳолати мастӣ арусшавандааш, сокини пойтахт Ирина Мусиенкои 50-соларо дар қафаси синааш бо корд задааст, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Гуфта мешавад, нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.







