Кумаки БРСММ ва Ҷопон ба беҳбуди шароити идоракунии марзи Тоҷикистону Афғонистон

Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ва Ҷопон ба беҳбуди шароити идоракунии марзи Тоҷикистону Афғонистон кумак мекунанд. Лоиҳаи дахлдор дар ин хусус имрӯз аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Барномаи рушди СММ ва ҳукумати Ҷопон (тариқи Агентии рушди байнулмилалии Ҷопон – JICA) тасдиқ шуд. Буҷети умумии ин лоиҳа ба муҳлати 2,5 сол 4, 2 млн. […]

Пайрав Чоршанбиев



Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ва Ҷопон ба беҳбуди шароити идоракунии марзи Тоҷикистону Афғонистон кумак мекунанд.

Лоиҳаи дахлдор дар ин хусус имрӯз аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Барномаи рушди СММ ва ҳукумати Ҷопон (тариқи Агентии рушди байнулмилалии Ҷопон – JICA) тасдиқ шуд.

Буҷети умумии ин лоиҳа ба муҳлати 2,5 сол 4, 2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, дар он сохтмони гузаргоҳи нави назоратӣ дар Лангар (ВМКБ), таъмиру азнавсозии панҷ гузаргоҳи дар наздикии он қарордошта ва ҳамчунин ташкили тренингҳо барои марзбонон ва хизматчиёни гумрук пешбинӣ шудааст.

Баҳри амалисозии лоиҳа ҳукумати Ҷопон ҳудуди 3,9 млн. доллари ИМА ва Барномаи рушди СММ боз 0,3 млн. доллари ИМА ҷудо мекунанд.

Намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев дар ин робита изҳор намуд, ки ҳамчунин таъмиру азнавсозии бозорҳои наздимарзӣ дар Рузвай (ноҳияи Дарвоз) ва Ишкошим низ ба нақша грифта шудааст.

Дар навбати худ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов таъкид дошт, ки назорати пурсамари марзи Тоҷикисону Афғонистон натанҳа барои Тоҷикистон, балки ба манфиати ҳамаи кишварҳои узви ИДМ аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.