Cуди олӣ муҳлати ҷазои Шуҳрат Қудратовро кам кард



Суди олии Тоҷикистон аз муҳлати ҷазои адвокат Шуҳрат Қудратов, ки моҳи январи соли 2015 ба 9 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуда буд, 5 солу 4 моҳ кам кард. Ба ӯ ҳамчунин дар муддати ду сол пас аз озодӣ машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ низ манъ карда шудааст.

Суди олии Тоҷикистон рӯзи 3 март шикояти кассатсионии Раҳматилло Зойиров, адвокати Шуҳрат Қудратов нисбати ҳукми суди шаҳрӣ ба зерҳимояашро баррасӣ намуд. Ба гуфтаи Р.Зойиров, акнун то анҷоми муҳлати ҷазои зерҳимояаш 3 солу 8 моҳ боқӣ мондааст, зеро Қудратов аллакай муддати 8 моҳ аст, ки дар маҳбас қарор дорад.

Суди олӣ ҷазо тибқи моддаи 247 (Қаллобӣ) бо муҳлати ҷазои 8 солро ба пардохти ҷарима дар ҳаҷми 87 ҳазору 600 сомонӣ иваз кард. Ҷазо тибқи моддаи 320-и КҶ ҶТ (Додани пора) бидуни тағйир боқӣ гузошта шуд.

Адвокат Раҳматилло Зойиров ба уҳдадор кардани зерҳимояаш ба пардохти ҷарима ва бидуни тағйир гузоштани моддаи «додани пора» розӣ нест ва ният дорад, ки аз ин қарор ба зинаҳои болоӣ шикоят барад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13-уми январ суди шаҳри Душанбе Шуҳрат Қудратовро ба

9 соли зиндони низомаш шадид

 маҳкум кард. Ба ӯ ҳамчунин дар муддати ду сол пас аз озодӣ машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ низ манъ карда шуд.

Шуҳрат Қудратов тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – додани пора ва қаллобӣ гунаҳкор дониста шуда, тибқи моддаи аввал суд ӯро ба 6 сол ва тибқи моддаи дуюм ба 8 соли зиндон маҳкум намуда, аммо бо назардошти қонуни афв, муҳлати ҷазо то 9 сол кам карда шуд.

Қаблан Қудратов аз суд дархост намуда буд, ки аз айбномаҳои ба ӯ пешниҳодшуда гунаҳкорӣ тибқи моддаи 320-и КҶ ҶТ (Додани пора) гирифта шавад.

Нимаи моҳи январи соли равон Раҳматилло Зойиров дар ин робита иттилоъ дода буд, ки зерҳимояаш бо дифоъ аз манфиатҳои Зайд Саидов ва дигар шахсон, ки тафтишоти парвандаи онҳо ба дӯши Агентии зиддифасод вогузор шуда буд, 

ба ин мақомот халал мерасонд,

 «вагарна Шуҳрат Қудратов ба озодӣ мебаромад».

spot_imgspot_img

Популярное