Ба телефони боварии вазири корҳои дохилӣ (ва ва сардорони раёсатҳрои минтақавии ВКД Тоҷикистон тӯли 2 моҳи соли равон 373 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар бораи содиршавии ҷиноятҳои одамкушӣ 3 нафар, таҷовуз ба номус 3 нафар, дуздӣ 35 нафар, лату куб 40 нафар, барнагардонидани пули қарз 47 нафар, ситонидани ришва 13 нафар, гардиши ғайриқонунии маводҳои нашъаовар 1 нафар, фурӯши ғайриқонунии замин 5 нафар, сӯхтор 1 нафар ва дигар ҷиноятҳо 9 нафар муроҷиат намудаанд.
«Тариқи телефони боварӣ дар 150 ҳолат оиди кирдорҳои ғайриоинномавии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ (дағалӣ, бе асос даъват намудан, бе асос тартиб додани протоколи маъмурӣ, сари вақт таъмин накардани шиноснома) ба вазири корҳои дохилӣ ва сардорони раёсатҳо муроҷиат шудааст, ки таҳти назорат қарор дода шуда, санҷиши онҳо аз ҷониби Раёсатҳои дахлдори ВКД давом доранд», – зикр мегардад дар иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ.





