Иштироки нозирони тоҷик дар маъракаи интихоботи президенти Қазоқистон

Ду нафар намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба ҳайати нозирони байнулмилалии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маъракаи интихоботи пешазмуҳлати президенти Қазоқистон шомил мегарданд. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба сифати нозирон аз Тоҷикистон ба маъракаи интихоботи президентӣ дар кишвари ҳамсоя узви КМИР ҶТ […]

ASIA-Plus



Ду нафар намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба ҳайати нозирони байнулмилалии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маъракаи интихоботи пешазмуҳлати президенти Қазоқистон шомил мегарданд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба сифати нозирон аз Тоҷикистон ба маъракаи интихоботи президентӣ дар кишвари ҳамсоя узви КМИР ҶТ Мамадборон Зоиров ва ёвари раиси КМИР ҶТ Парвина Расулова сафарбар мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ба сифати номзадҳо ба мансаби президенти Қазоқистон то ҳол 13 нафари худпешбаришуда ва 1 нафар намояндаи Ҳизби коммунисти ин кишвар сабти ном шудаанд.

Миёни номзадҳо алҳол президенти амалкунандаи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳузур надорад. Ӯ ваъда додааст, ки ба ин масъала каме баъдтар рӯшанӣ меандозад.

Маъракаи интихоботи пешазмуҳлати президенти Қазоқистон ба санаи 26 апрели соли равон таъин шудааст. Аз соли 1991 Нурсултон Наазарбоев билоиваз Қазоқистонро сарварӣ мекунад. Интихоботи ахири президентӣ дар ин кишвар соли 2011 баргузор шуда, дар он Нурсултон Назарбоев беш аз 90%-и овозҳои интихобкунандгонро касб намуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.