Ҳукм нисбати диктори маъруф Муаттара Ҷӯраева то ахири ҳафта содир мешавад

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзҳои наздик ҳукм нисбати диктори маъруфи телевизион, номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон дар интихоботи парлумонии соли 2005 Муаттара Ҷӯраеваро содир мекунад. Муаттара Ҷӯраева дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар азхдкунии маблағҳо ба миқдори ниҳоят зиёд (моддаи 247 КҶ ҶТ) гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз […]

Мавзуна Абдуллоева



Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзҳои наздик ҳукм нисбати диктори маъруфи телевизион, номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон дар интихоботи парлумонии соли 2005 Муаттара Ҷӯраеваро содир мекунад. Муаттара Ҷӯраева дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар азхдкунии маблағҳо ба миқдори ниҳоят зиёд (моддаи 247 КҶ ҶТ) гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар айбномаҳои ба М.Ҷӯраева пешниҳодшуда маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 12 сол бо мусодираи амвол ва манъи машғул шудан ба фаъолияти муайян ё ишғоли вазифаҳои муайян ба муҳлати 5 сол пас аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, қаблан зикр гардида буд, ки М.Ҷӯраева метавонад тибқи қонуни афви аз ҷониби президент ба имзорасида мавриди афв қарор гирад. Ӯ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ


15 октябри соли 2014


ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуда буд.

Роҳбари маркази матбуоти Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Бахтиёр Юсупов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки агар М.Ҷӯраева мутобиқи меъёрҳи қонуни ҶТ «Дар бораи афв» зиёни молиявии ба шаҳрвандон расонидаашро ҷуброн созад, метавонад озод карда шавад.

МуаттараҶӯраева дар азхудкунии маблағҳои пулии якчанд шаҳрвандони кишвар, ки аз онҳо онро қарз гирифтаву барнагардонидааст ва ҳамчунин пардохт накардани қарзҳои бонкӣ гумонбар дониста мешавад.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки баъди як ҳафтаи боздошти М.Ҷӯраева Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбати муфаттиши ШВКД-2-и ноҳияи Сино Мустафоқул Каримов


парвандаи ҷиноӣ боз намуд.


Муфаттиш, ки аввали моҳи октябр нисбати диктори маъруфи телевизиони Тоҷикистон Муаттара Ҷӯраева парвандаи ҷиноӣ боз намуда буд, боздошт гардид.

Муаттара Ҷӯраева 4 июни соли 1975 дар Душанбе дар оилаи забоншиноси маъруфи тоҷик Рустам Ҷӯраев ба дунё омада, хатмкардаи факултаҳои филология ва молияву қарзи Донигоҳи миллии Тоҷикистон аст. Аввали соли 2000-ум ба фаъолият ба ҳайси роҳбари шуъбаи дикторони телевизиони Тоҷикистион шурӯъ намуда, соли 2003 ба ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ шарафёб гардид. Соли 2005 ба сифати номзад ба вакилӣ ба палатаи поёнии парлумон сабти ном шуда, пас аз нокомӣ дар интихобот кор дар телевизионро тарк кард ва ба тиҷорати хусусӣ машғул шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.