Ҳукми 7 соли зиндон ва ҷаримабандии зиёди роҳбари корхонаи «Озод-Ойл»

Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ директори корхонаи хусусии ҶДММ «Озод-Ойл» Садриддин Каримовро ба 7 соли зиндони низомаш шадид ва пардохти ҷарима ба маблағи 2 млн. 451 ҳазору 861 сомонӣ ба нафъи давлат маҳкум кард. Ӯ ҳамчунин аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои роҳбарӣ дар муддати 5 соли пас аз озодӣ низ маҳрум карда шуд. Аз суди ноҳияи Исмоили […]



Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ директори корхонаи хусусии ҶДММ «Озод-Ойл» Садриддин Каримовро ба 7 соли зиндони низомаш шадид ва пардохти ҷарима ба маблағи 2 млн. 451 ҳазору 861 сомонӣ ба нафъи давлат маҳкум кард. Ӯ ҳамчунин аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои роҳбарӣ дар муддати 5 соли пас аз озодӣ низ маҳрум карда шуд.

Аз суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки С.Каримов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 292, қ. 2-и КҶ ҶТ (Даст кашидан аз пардохти андоз ва (ё) боҷҳо аз шахсони ҳуқуқӣ» гунаҳкор дониста шудааст. Мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи мазкур таҳти раёсати судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Сафарбек Нурализода доир гардид. Тибқи маълумоти суд, Садриддин Каримов мавриди қонуни афви ба ифтихори 20-умин солгарди Конститутсияи Тоҷикистон эълоншуда қарор гирифта, сеяки муҳлати ҷазои ӯ кам карда шуд.

Дар мурофиаи судӣ С.Каримов ба гуноҳаш иқрор нашуд, вале айби ӯ ҳангоми тафтишоти суратгирифта тибқи аризаи сардори Раёсати Агентии зиддифасод дар шаҳри Душанбе Собиров Д. собит гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.