Имзои созишномаҳои пешниҳоди қарзҳои хурди молиявӣ дар Душанбе

Имрӯз, 11 марти соли 2015 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар доираи Барномаи рушди низоми молиявӣ дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон ва Барномаи маблағгузории манзил маросими имзои Созишнома оид ба пешниҳоди кумаки молиявӣ ва техникӣ ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурди Тоҷикистон баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, созишномаи мазкурро аз ҷониби […]



Имрӯз, 11 марти соли 2015 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар доираи Барномаи рушди низоми молиявӣ дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон ва Барномаи маблағгузории манзил маросими имзои Созишнома оид ба пешниҳоди кумаки молиявӣ ва техникӣ ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурди Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, созишномаи мазкурро аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва масъулини ташкилотҳои қарзии хурд имзо намуданд.

Дар маросими имзои Созишнома ҳамчунин сафири Олмон дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳолгер Грэн, роҳбари намояндагии Бонки олмонии рушд (KfW) дар Тоҷикистон хонум Кристин Лаабс, намояндагони бонк ва ташкилотҳои қарзии хурди Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Барномаҳои мазкур аз ҷониби Бонки олмонии рушд (KfW) дар доираи ҳамкории дуҷонибаи молиявӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад. Барнома аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод намудани маблағи молиявиро ба ҳар кадом бонк ва ташкилоти қарзии хурд, ки интихоби пешакии дақиқро барои додани қарз бо асъори миллӣ гузаштаанд, пешбинӣ менамояд.

Ҳамчунин, ба институтҳои молиявие, ки дар барнома ширкат меварзанд, аз ҳисоби мушовирони AFC Consultants International ва Мактаби Франкфуртии молия ва менеҷмент кумаки техникӣ пешниҳод карда мешавад. Қарзҳои пешбинишуда дар доираи барномаи маблағгузории кишоварзӣ барои дастгирии лоиҳаҳои рушди соҳаи кишварзӣ, аз ҷумла дастрас намудани таҷҳизоти кишоварзӣ, бунёд кардани гармхонаҳо, кандани чоҳ, сохтмони иншоотҳои обёрӣ ва хоҷагиҳои моҳидорӣ дар маҳалҳои деҳот, ҳамчунин рушди корхонаҳои деҳот, ки ба истеҳсол, коркард ва нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд, равона шудааст.

Тибқи барномаи маблағгузории манзил муассисаҳои молиявӣ маблағҳои қарзро барои қарздиҳии хоҷагиҳои шахсӣ дар деҳот барои харид, сохтмон, таъмири асосӣ ва васеъ кардани масоҳати манзил истифода мебаранд. Яке аз вижагиҳои асосии лоиҳаҳои мазкур кам будани фоизи қарзҳои муассисаҳои молиявӣ мебошад.

Ҳамаи қарзҳо тибқи барномаҳои мазкур аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурди ҷумҳурӣ, ба мисли Ҳумо, Арванд, Имон Интернешнл, Эсхата, Оксус ва Аввалин бонки молиявии хурд пешниҳод карда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.