Баррасии имконоти роҳандозии ҳамкориҳои саноатӣ миёни Тоҷикистону Ветнам

Имрӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон вохӯрии вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шавкат Бобозода бо сафири навтаъйини Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам ҷаноби Фан Ван Фао баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, зимни мулоқот, сафир ҳадафи асосии талошу кӯшишҳои минбаъдаашро пеш аз ҳама дар самти таҳким ва густариш бахшидани ҳамкориҳо ва […]



Имрӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон вохӯрии вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шавкат Бобозода бо сафири навтаъйини Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам ҷаноби Фан Ван Фао баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, зимни мулоқот, сафир ҳадафи асосии талошу кӯшишҳои минбаъдаашро пеш аз ҳама дар самти таҳким ва густариш бахшидани ҳамкориҳо ва муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ намуд, ки тамоми саъю нерӯи худро дар бахши тақвияти равобити соҳаи саноат ва технологияҳои нав равона хоҳад кард.

Гуфта мешавад, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон доир ба соҳаҳои саноат, бахусус соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, фазои мусоиди сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ ва мавҷуд будани захираҳои зиёди ашёи хом ибрози назар намуда, роҳандозии ҳамкориҳои судманд дар самтҳои зикргардидаро мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо аз натиҷаи вохурӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба ба манфиати тарафайн хоҳад буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.